Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» доир мешавад

Posted
By admin

Аз 24 то 26 октябри имсол дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Туркманистон, Корея, Чин, Покистон ва  Эрон маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.

Дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии беҳтарин ширкатҳои ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи мамлакат маъруф мебошанд, муаррифӣ мегарданд.

Баргузории намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст.

Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо созанд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.

Tags

About Author

Aenean eu bibendum urna, a vestibulum justo. Sed id arcu laoreet, tempus est at, ornare nisi. Sed eget gravida lectus. Phasellus pharetra risus et risus mattis placerat. Curabitur nec nisl consectetur, ornare tellus et, mollis magna. Maecenas non dui luctus, laoreet urna id, tempor eros. Fusce ut ornare urna, vitae tempus velit.