Дар ДДОТ озмоишгоҳи логопедӣ ва маркази таълимии ношунавоён таъсис меёбад

Posted
By admin

Дар соли нави хониш Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст, ки озмоишгоҳи логопедӣ ва маркази таълимии ношунавоёнро ифтитоҳ кунанд. Дар ин хусус 23 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода шуд.

Дар факултети равоншиносӣ марказ ва лаборатория кушода шуда, дар он донишҷӯён ва омӯзгорони кафедраи мазкур ҷалб мешаванд.

Гуфта шуд, ки дар ин марказ асосан таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4 пешбинӣ шудааст, ки малака ва тахассуси худро такмил медиҳанд.

Ба гуфтаи масъулини донишгоҳ, имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисон — логопедҳо мавҷуд аст, ки кушода шудани марказ вазъиятро дар солҳои наздик беҳтар месозад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Tags

About Author

Aenean eu bibendum urna, a vestibulum justo. Sed id arcu laoreet, tempus est at, ornare nisi. Sed eget gravida lectus. Phasellus pharetra risus et risus mattis placerat. Curabitur nec nisl consectetur, ornare tellus et, mollis magna. Maecenas non dui luctus, laoreet urna id, tempor eros. Fusce ut ornare urna, vitae tempus velit.